Санаи 8 апрели соли 2025 Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов аз рафти фаъолият ва оғози сохтмони коргоҳи иловагӣ дар ҶДММ “Сомон-Кишоварз” боздид ба амал оварданд.
Корхонаи мазкур бо саҳми соҳибкори ватанӣ Илҳомҷон Бобоҷонов бо мақсади таъмини хӯроки коргоҳҳои чорводорию парандапарварӣ бо хӯроки омехтаи тайёр таъсис дода шуда, соли 2022 моҳи апрел бо иштироки Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардидааст.
Барои ноил шудан ба ин мақсад ва бунёду таъмини таҷҳизоти технологӣ 6,5 миллион сомонӣ маблағ харҷ карда шудааст.Дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ аз ширкати бонуфузи “ДОЗ-Агро”-и шахри Нижный Новгороди Федератсияи Русия харидорӣ ва насб карда шудааст.Таҷҳизоти технологӣ муосир буда, мутобиқ ба технологияҳои истеҳсоли хӯроки чорвою паранда дар якчанд марҳила, аз ҷумла коркарди буғӣ, фишоркунӣ майдакунӣ ва бандубаст сурат мегирад. Коргоҳ иқтидор дорад, ки дар як шабонарӯз аз 100 то 120 тонна, дар як моҳ 3600 тонна ва дар як сол 42 ҳазор тонна хӯроки омехтаи чорво ва паранда истеҳсол намояд.
Барои истеҳсоли хӯроки чорво ва паранда ашёи хоми гандум, ҷав, ҷуворимакка, кунҷораи офтобпараст, намак, 4 намуди витаминҳо, равған ва ғайра, ки барои афзоишу солимии чорво зарур аст, истифода мешавад.
Хӯроки омехта асосан ба корхонаю ҷамъиятҳои чорводорию парандапарварии вилояти Суғд ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба фурӯш бароварда мешавад.Арзиши маҳсулоти истеҳсоли худӣ нисбат ба маҳсулоти аз берун воридшаванда арзон буда, дар асоси маълумоти пешниҳодшуда захираҳои ашёи хом барои давраҳои муайян мавҷуданд ва иқтидори захиравӣ 8 ҳазор тонна ашёи хом мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ин нахустин корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво мебошад.ҶДММ “Сомон – Кишоварз” ба ғайр аз истеҳсоли хӯроки чорво ва паранда, ҳамчунин тасмим дорад, дар коргоҳи мазкур ба маблағи зиёда аз як миллон доллари амрикои истеҳсоли барориши Лапшаро ба роҳ монад,Маҳсулотҳои коргоҳ ба бозори дохила ва беруна пешниҳод мегардад.
Дар фаъолияти худ ширкат аҳолиро бо маҳсулотҳои хушсифат таъмин намуда, барои ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишварамон – ҳифзи амнияти озуқаворӣ саҳми худро гузошта истодааст.
Роҳбарияти ширкат тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ дар партави иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат барои таъсиси коргоҳҳои нав, таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойи корӣ ва таъмини бозори истеъмолии дохилию беруни бо маҳсулоти худи ҳиссагузорӣ менамоянд.






