РАИСИ ВИЛОЯТИ СУҒД МУҲТАРАМ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА СОБИҚАДОРИ СОҲАИ МАОРИФ ҶӮРАБОЕВА РИСОЛАТ СОКИНИ ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ МЕҲРОБОДРО АЁДАТ НАМУДАНД.

image_pdfimage_print

Санаи 8 апрели соли 2025 Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба манзили собиқадори соҳаи маориф Ҷурабоева Рисолат, ки зиёда аз 40 сол фаъолияти пурсамар намудааст, ва айни ҳол ба синни 87 сола расидааст аёдат карданд.
Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода зимни мулоқоти самимӣ бо собиқадори соҳаи маориф Ҷурабоева Рисолат изҳор дошт, ки фаъолияти ӯ дар саҳифаи тиллоии таърих сабт гардида, пайваста ғамхориҳои давлату Ҳукумат нисбати чунин бонувони фидокор амалӣ мегардад.
Ҷурабоева Рисолат соли таваллудаш 12 декабри соли 1938 истиқоматкунандаи шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов мебошад.
Соли 1958 фаъолияти худро ҳамчун омӯзгори синфҳои ибтидоӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 ноҳия оғоз намуда, солҳои тӯлонӣ дар муассисаи мазкур ба хонандагон таълим додааст.Солҳои 1963-1970 дар ноҳияи Хуҷанди деҳаи Навбунёд фаъолияти пурсамар намудааст.
Солҳои 1971-1988 омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 ноҳия кор кардааст.Соли 1988 ба нафақа баромада, то соли 1998 низ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 ноҳия фаъолияти омӯзгорӣ доштааст.
Дар давоми фаъолияти пурсамараш Ҷурабоева Рисолат бо мукофоти соҳавии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» қадрдонӣ карда шудааст.Ҷурабоева Рисолат соҳиби 4 духтару 6 писар, 40 набера, 90 абера, 10 чевара доро мебошад.
Таъкид карда шуд, ки ҳоло беш аз 80 фоизи кормандони соҳаи маорифи ноҳияро бонувон ташкил медиҳанд.
Дар муассисаҳои таълимии ноҳия муаллимаю мураббияҳои азиз рисолати муқаддаси омӯзгорию тарбиятгарии худро бо маҳорату малакаи воло, бо муҳаббату самимияти бепоён иҷро намуда, ба насли наврас маърифату одамият меомӯзанд.
Ба хотири арҷгузорӣ ба хизматҳои содиқона ба собиқадори соҳаи маориф аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят гули зебову хушбӯй ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Дар фарҷом, аёдатшуда Ҷурабоева Рисолат аз сиёсати пешгирифтаи маорифпарварона ва ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандии изҳори сипос намуда миннатдории худро баён намуд.