Санаи 20 августи соли 2025 Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода ҳамроҳи Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек аз ҷараёни корҳои сохтмонии бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов боздид намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб дар асоси дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардонидани шароити корӣ ва таҳкими фаъолияти ҳизбиёни ноҳия бунёд мегардад.
Иншоот аз се ошёна иборат буда, тибқи лоиҳа аз 10 утоқи корӣ, бойгонӣ, китобхона ва маҷлисгоҳ мебошад.
Зимни боздид ба масъулин ҷиҳати босифат ва дар муҳлати муқарраргардида ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва сохторҳои он солҳои охир дар асоси барномаҳои хеш дар доираи омодагӣ ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муайянро амалӣ гардонида истодаанд.






