Санаи 20 августи соли 2025, дар доираи амалисозии сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Презеиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи оғози соли нави таҳсил, бо ташаббусу дастгирии ҳамешагии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода ва Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳтарам Юлдошзода Олимбек ба ятимон ва кӯдакони бепарастор либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид.
Раиси вилояти Суғд дар суханронии худ зикр намуданд, ки дастгирии иҷтимоии ятимон ва кӯдакони ниёзманд яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад ва чунин иқдомҳои нек дар таҳкими эҳсоси меҳру муҳаббат, ғамхорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ нақши калон доранд.
Дар доираи ин иқдом, беш аз 11 нафар ятимони кул ва 15 нафар кӯдакони бепарастору оилаҳои камбизоат бо либоси ягонаи мактабӣ ва лавозимоти зарурии хониш таъмин карда шуданд.
Дар навбати худ кӯдакони ятиму бепарастор аз ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таваҷҷуҳи доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо илму донишҳои мусосирро аз худ карда, дар оянда ҳамчун мутахассисони варзида ба Пешвои муаззами миллат ва халқ ватани худ хизмати содиқона хоҳад намуд.








