ШИНОСОИИ АЗ РАФТИ БУНЁДИ КОРГОҲИ ЧӮҶАПАРВАРИИ ИНКУБАТСИОНИИ ҶДММ “КОРВОН ПАРРАНДА” ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ГУЛХОНАИ НОҲИЯ

image_pdfimage_print

Дар пайгирӣ аз иқдомоти созандагиву бунёдкории роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 20 августи соли 2025 дар идомаи сафари кории Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳамроҳии Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳтарам Юлдошзода Олимбек аз рафти бунёди коргоҳи чӯҷапарварии инкубатсионии ҶДММ “Корвони парранда”-и деҳаи Саричашмаи Ҷамоати деҳоти Гулхона дидан намуданд.
Коргоҳи чӯҷапарварии инкубатсионии ҶДММ “Корвон парранда” воқеъ дар деҳаи Саричашмаи Ҷамоати деҳоти Гулхона аз ҷониби соҳибкор Ализода Умар сохта шуда, фаъолияти худро моҳи октябри соли 2023 оғоз гардидааст.
Фаъолияти асосии он чӯҷабарорӣ мебошад, барои истеҳсоли гӯшти мурғ нигаронида шудааст.
Дар коргоҳи мазкур 7 нафар кормандони доимӣ, 3 нафар кормандони мавсимӣ, дар умум 10 нафар сокинони ноҳия фаъолият мебаранд.
Масоҳати коргоҳи мазкур 0,60 гектарро дар бар гирифта дар як муддат 350000 чӯҷа аз тухм бо истифода аз технологияҳои муосири инкубатсионӣ бароварда мешавад.
Айни ҳол бинои коргоҳи мазкур дар фарҷоми анҷомёби қарор дорад. Баъд аз пурра ба роҳ мондани фаъолияти коргоҳ зиёда аз 16 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд.
Маълумот дода шуд, ки дар коргоҳ истифода аз тухмҳои дохилӣ ва ҳамчунин аз Ҷумҳурии Ӯзбекистону Федератсияи Россия истифода бурда мешавад.
Маврид ба тазаккур аст, ки Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода зимни ташриф ва боздид аз рафти бунёди корхонаи мазкур ба соҳибкор барои иқдоми созандааш дар партави дастуру роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми арзанда мегузорад, изҳорӣ миннатдорӣ намуданд.