Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ дар суханрониашон таъкид доштанд:
“Варзиш яке аз василаҳои муҳими ҳифзу таҳкими саломатии аҳолӣ, қосиди сулҳу субот, омили ташаккулдиҳандаи нерӯву тавоноии инсон ва инъикоскунандаи симои халқу миллат дар арсаи ҷаҳон ба ҳисоб меравад“.
Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ширкат варзида, ба пирӯзиҳо ноил мегарданд, Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд. Ба шарофати пирӯзиҳои онҳо дар минтақаҳои гуногуни олам Парчами Ватани мо парафшонӣ мекунад ва Суруди миллиамон садо медиҳад.
Маврид ба зикр аст, ки ба рушду равнақи намудҳои мухталифи варзиш дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аҳамияти хоса зоҳир карда шуда, намуди самбо, гӯштинги миллӣ ва гӯштинги камарбандӣ дар байни варзишгарон ва мухлисону ҳаводорон маҳбубияти худро дорад.
Аз санаи 24 то 29 июни соли 2026 дар шаҳри Манилаи Ҷумҳурии Филиппин Чемпионати Осиё ва Уқёнусия оид ба намуди самбо баргузор гардида, дар он зиёда аз 500 варзишгар аз 31 кишвари минтақа ширкат варзиданд.
Дар мусобиқаи мазкур аз Ҷумҳурии Тоҷикистон варзишгарони маъруфу машҳур ва ҳамчунин варзишгарони ноҳияи Ҷаббор Расулов иштирок намуданд.
Дар натиҷа дар байни даҳҳо нафар варзишгарони номии давлатҳои хориҷа яке аз варзишгарони иштирокдошта сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов Муҳаммадшоҳзода Нуроншоҳ аз намуди самбо сазовори ҷойи сеюм гашта, соҳиби медали биринҷӣ гардид.Инчунин, аз санаи 25 то 29 июни соли 2026 дар шаҳри Казан Чемпионати ҷаҳон оид ба намуди камарбандӣ баргузор гардид, ки аз ноҳияи Ҷаббор Расулов 3 нафар варзишгарони ноҳияи Ҷаббор Расулов иштирок намуда, дар натиҷа Муҳаммадёр Қаландаров чемпиони ҷаҳон оид ба камарбандӣ байни ҷавонон ва байни калонсолон Ҳакими Муллоҳаким, Валиев Шамсиддин сазовори ҷойи дуюм гардиданд.
Ин дастовард ифтихор ва шараф ба мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла ноҳияи Ҷаббор Расулов мебошад.
Санаи 1 июли соли 2026 дар назди майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек ба ғолибон ғолибиятро шодбош гуфта, аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, фаъолон, аҳли мардум, варзишгарон ва ҷавонону наврасон табрику таҳният намуда, бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуданд.
Зимни суҳбат бо варзишгарон таъкид гардид, ки ғалабаҳои онҳо натиҷаи меҳнати шабонарӯзӣ, иродаи қавӣ ва заҳмати пайвастаи мураббиён буда, боиси ифтихори тамоми сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов, инчунин вилояти Суғд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ҳамзамон изҳори боварӣ карда шуд, ки варзишгарони ноҳия минбаъд низ дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ бо дастовардҳои нав Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаҳои байналмилалӣ баланд хоҳанд бардошт.
Қайд кардан ба маврид аст, ки рушду такомули соҳаи варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳамчун омили солимии миллат ва қосиди сулҳу амонӣ мебошад.



