Санаи 30 июни соли 2026 дар толори шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷаббор Расулов вохӯрии Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Юлдошзода Олимбек бо сокинони шаҳраки Меҳрободи ноҳия баргузор гардид.Вохӯрӣ дар фазои озоду созанда дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси ҷадвали вохӯрии вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, ки санаи 16 июни соли 2026 аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода тасдиқ карда шудааст, доир гардид.
Зимни баромади худ Раиси ноҳия таъкид намуданд, ки соли 2026 дар кишвар «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон гардидааст. Ин иқдоми муҳим ба таҳкими ваҳдати миллӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, боло бурдани обрӯ ва нуфузи давлату миллат ва ноил шудан ба ҳадафҳои созандаи миллӣ равона шудааст.
Боиси ифтихору сарфоризист, ки санаи 25 июни соли ҷорӣ боз як ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (солҳои 2027-2036)» қабул карда шуд. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳпарвар, ташаббускор ва масъулиятшинос дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоиста ва эътирофшуда дорад. Далели возеҳи ин, эътироф ва қабули ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Зикр гардид, ки соли 2026 бо таҷлили ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд ва ба ин муносибат дар тамоми кишвар корҳои сохтмонӣ ва бунёдкорӣ вусъати бесобиқа касб мекунанд. Ба истифода додани ҳазорҳо иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ барои рушди маҳалҳо, беҳтар гардидани инфрасохтор ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Боиси таъкид аст, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов, бо ташаббуси соҳибкорон ва фаъолони ноҳия дар давоми нимсолаи якуми соли 2026 корҳои азнавсозии Боғи фарҳангию фароғатии маркази шаҳраки Меҳробод оғоз карда шуд, ҳамзамон сохтмони бинои як муассисаи нави таълимии иловагӣ тариқи ҳашар ва як бинои килиникаи хусусӣ дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз оғоз карда шуда, корҳои сохтмонӣ бо маром идома дорад, инчунин сохтмони як бинои нави иловагӣ муассисаи кӯдакистони №9 ва синфхонаҳои таълимии иловагӣ дар муассисаи таълимии №26-и Ҷамоати деҳоти Сомониён, синфхонаҳои таълимии иловагӣ дар муассисаи таълимии №15, толори варзишӣ дар назди муассисаи таълимии №14 Ҷамоати деҳоти Деҳмой тариқи ҳашар оғоз карда шуда корҳои сохтмонӣ дар ин самт низ бо маром идома дорад.
Ҳамзамон дар ҳудуди шаҳраки Меҳробод ҷиҳати таъмини иҷрои Нақшаи генералии шаҳраки Меҳробод сохта ба истифода додани биноҳои истиқоматии баландошёна ба нақша гирифта шудааст, ки корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд.
Қайд кардан ба маврди аст, ки дар давоми нимсолаи якуми соли 2026 дар назди бинои муассисаи таълимии №3 майдончаи варзишӣ бо дарозии 40 метр, паҳноияш 22 метр дар доираи дастгириҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тариқи ҳашар сохта ба истифода дода шуд.
Зикр гардид, ки на танҳо сокинони шаҳраки Меҳробод, балки кулли сокинони сарбаланди ноҳияи Ҷаббор Расулов аз чунин шароитҳои арзандаи соҳаи варзиш самаранок истифода бурда, барои тарбияи насли наврас дар руҳияи меҳанпарастиву ватандӯстӣ ва тамрини фарзандон бо варзиш, хусусан футбол саҳми арзандаи худро мегузоранд. – иброз намуданд Раиси ноҳия.
Дар идомаи вохӯрӣ суҳбати озод миёни интихобкунандагон ва вакил баргузор гардида, сокинон ба Раиси ноҳия саволҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Раиси ноҳия сокинони шаҳракро даъват намуданд, ки ободониро аз оила ва маҳалли зист оғоз намуда, ҳар як шаҳрванд дар доираи имкониятҳои худ на танҳо дар пешрафти шаҳрак балки тамоми ҳудуди ноҳия саҳмгузор бошанд.
Таъкид шуд, ки ободии ҷомеа аз худогоҳӣ, масъулиятшиносӣ ва ободии ҳар як оила маншаъ мегирад.Дар ҷараёни вохӯрӣ ба масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ низ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Аз ҷумла, пешгирии хурофотпарастӣ, роҳ надодан ба хароҷоти беҳуда, ва аз вазифаҳои муҳими ҷомеа арзёбӣ шуд. Ҳамзамон тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ, ватандорӣ, худшиносӣ, илмдӯстӣ ва эҳтиром ба фарҳангу арзишҳои миллӣ, забони давлатӣ муҳим шуморида шуд.
Роҳбари ноҳия сокинонро ба омӯзиши илму дониш, соҳибмаърифат намудани фарзандон, рушди тафаккури ихтироъкорӣ ва иштироки фаъолона дар ободонии Ватан ҳидоят намуданд.
Сокинони шаҳраки Меҳробод низ омодагии худро ҷиҳати саҳмгузорӣ дар рушди маҳал ва истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуданд.





