Иқдоми нек

image_pdfimage_print

Бо дастгирии Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов ба Беморхонаи марказии ноҳия боз як адад нақлиёти нави ёрии таъҷилӣ бо тамоми таҷҳизотҳои тиббӣ муҷҷаҳазгардида, дар арафаи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд, ки рӯз аз рӯз таъминоти соҳа бо таҷҳизотҳои замонавии тиббӣ бештар гардида истодааст. Табибони ноҳия аз ин иқдом ва дастгирии Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон сарафроз гардида, масъулияти бар дӯшашон бударо ба хубӣ эҳсос намуда, тасмим гирифтанд, ки баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ҳамаҷониба тамоми донишу малака ва саъю кӯшиши хешро равон намоянд ва минбаъд ҳам бо касби хеш ба аҳолӣ содиқона хизмат кунанд.Ҳамчунин роҳбарияти беморхоани марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов аз дастгириҳои пайваста ба соҳаи тиб миннатдории самимии худро пеш аз ҳама ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазири тандурустӣ ва ҳафзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов баён менамоянд.