Санаи 19 августи соли 2021 дар қасри фарҳанги Гулистони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Машварати августии кормандони маорифи ноҳия» ба кори худ оғоз намуд. Дар машварат муовини раиси ноҳия Муталибзода Зумрад Муталиб ва намояндаи Раёсати маорифи вилоят Каримова Сафия Рустамовна иштирок намуданд. Ҳамзамон, намояндагони сохторҳои гуногуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту идораҳо, собиқадорон ва фаъолони соҳа дар машварат ширкат доштанд. Мудири шуъбаи маорифи ноҳия Шодиев Абдуҷалил оид ба фаъолияти солонаи шуъбаи маориф ва муассисаҳои таълимии ноҳия ҳисобот дод. Сипас, муовини раиси ноҳия Муталибзода Зумрад ба сухан баромада таъкид кард, ки бо назардошти саҳми муассири омӯзгорон ҷиҳати пешрафти давлату миллат дар самти таъмини шароити арзандаи фаъолияти онҳо дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста тадбирҳои судманд амалӣ мешавад.Намояндаи Раёсати маорифи вилоят Каримова Сафия Рустамовна доир ба нақши омӯзгорони ноҳия ҷиҳати таълиму тарбияи хонандагони лаёқатманд суханронӣ намуданд. Ҳамзамон, ба як қатор фаъолони соҳа барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои болаёқат ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо нишони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо Ифтихорномаи Вазорати маориф илми Ҷумҳурии Тоҷикистон диплом, бо Сипосномаи Раёсати маорифи вилояти Суғд, бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. Дар охир барои болитахотирии иштирокчиён аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия барномаи фарҳангӣ пешкаш гардид.







