Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни миллӣ 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Ҳаёти нави ноҳияи Ҷаббор Расулов дар баробари дигар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия корҳои созандагию ободонӣ вусъати тоза меёбад.
Бо чунин ҳошия, дар партави иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 24 июли соли 2025 Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода ва Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳтарам Юлдошзода Олимбек дар роҳи мумфаршкунии кӯчаҳои ба номи Ҷаббор Расулов ва Истиқлол, воқеъ дар деҳаи Меҳргони Ҷамоати деҳоти Ҳаёти нави ноҳия иштирок намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дарозии роҳҳои мумфаршшаванда зиёда аз 1,0 километр, паҳноии он 4 метр буда, бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов ва сокинони деҳаи Меҳргони Ҷамоати деҳоти Ҳаёти нави ноҳия бо тариқи ҳашар бо харҷи беш аз 160,0 ҳазор сомонӣ дар умум 320,0 ҳазор сомонӣ ва бо истифода аз техникаю механизми зарурӣ пурра мумфарш карда мешавад.
Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода бо аҳли сокинони деҳаи мазкур дар бобати дастгирии ҳаматарафаи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷараёни корҳои ободкорӣ дар қаламрави ноҳия, ватандӯстиву ватанпарастӣ, дар руҳияи дӯст доштани Ватан ба камол расонидани фарзандон суҳбату вохӯрии самимӣ барпо намуда, дар раванди он барои чунин тадбирҳои амалии ободонии маҳал ба онҳо миннатдории худро иброз намуданд.
Роҳбари ноҳия қайд карданд, ки мо ҳамагон шукронаи кишвари азизамон – Тоҷикистон ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кунем, ватанамонро ҳамешагӣ дӯсту азиз дорем, ба қадри оромиву осудагӣ, хуррамиву ободӣ расем, соҳибистиқлоливу ваҳдати комилро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем, фарзандонро дар руҳияи ватандӯстӣ ва гиромидошти падару модар ба воя расонем, таълиму тарбия намоем ва доимо содиқи Ватану давлат бошем.
Мавриди зикр аст, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони пойдории солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъмиру таҷдиди роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ таваҷҷуҳи махсус равона намуда, дар ин самт тадбирҳои амалӣ анҷом дода мешавад.
Аҳли мардуми деҳа аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосмандии хешро баён карданд.










