Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Санаи 28 июли соли 2025 Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода ва Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳтарам Юлдошзода Олимбек бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳраки Меҳрободи ноҳия ба манзили собиқадори соҳаи маориф Тошбобоев Ҳакимҷон ташриф оварда, аёдат намуданд.
Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода зимни дидорбинӣ бо собиқадори соҳаи маориф Тошбобоев Ҳакимҷон таъкид карданд, ки хизматҳои собиқадорони кормандони соҳаи маориф дар ҷодаи тарбия намудани насли наврасон назаррас буда, ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои давлату Ҳукумати кишвар, хоса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.
Собиқадори соҳаи маориф Тошбобоев Ҳакимҷон соли таваллудаш 9 июни соли 1956, зиёда аз 45 сол дар соҳаи маориф, ҳамчун омӯзгор дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 17 воқеъ дар шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов кору фаъолият намудааст.
Ҳамчунин, 1 сол дар соҳаи хизмати давлатӣ яъне Раиси шаҳраки Меҳрободи ноҳия фаъолият бурдааст.
Соҳиби 5 фарзанд 3 писару 2 духтар, 22 набераю 4 абера мебошад. Ҳамзамон аз ҷониби роҳбарияти вилоят ва ноҳия ба аёдатшаванда туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тақдим карда шуд.
Дар навбати худ собиқадори соҳа, аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳаи маориф изҳори миннатдорӣ намуда, баҳри пешрафту ободӣ ва пояндагии сулҳу осоиштагии кишвар дасти дуо бардошт.






