ИДОМАИ КОРҲОИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ ДАР ДЕҲАИ ҚУРҒОНЧАИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ҲАЁТИ НАВ

image_pdfimage_print

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони пойдории солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъмиру таҷдиди роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ таваҷҷуҳи махсус равона намуда, дар ин самт тадбирҳои зарури амалӣ ва анҷом дода мешавад.
Ин аст, ки таъмиру навсозии роҳҳо имрӯзҳо дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд, аз ҷумла ноҳияи Ҷаббор Расулов чун дигар шаҳру ноҳияҳо бештар ба чашм мерасанд.
Дар ин росто дар деҳаи Қурғончаи Ҷамоати деҳоти Ҳаёти нави ноҳияи Ҷаббор Расулов мумфаршкунии роҳ ба нақша гирифта шудааст, ки айни ҳол рафти корҳо дар ин самт идома дорад.
Бо чунин ҳошия, санаи 11 июли соли 2025 зимни сафари корӣ Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳтарам Юлдошзода Олимбек ба Ҷамоати деҳоти Ҳаёти нав аз рафти корҳои сохтмонию азнавсозии роҳи асосии деҳаи Қурғонча, ки ба масоҳати 6 километр мебошад, дидан намуданд.
Иқдоми мазкур дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки сокинону соҳибкорони ватандӯсти ноҳия дар соли ҷорӣ даҳҳо километр роҳҳои ҳудуди ноҳияро мутобиқ ба меъёру талаботи пешбинишуда ва бо истифода аз техникаю механизми зарурӣ пурра мумфарш карда мешаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки роҳи асосии деҳаи Қурғонча аз солҳои шӯравӣ дар ҳолати ногувор қарор дошта, бо дастуру ҳидоятҳо ва роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ки дар Паём ироа гардида буд, ҷонибдори намуда аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Мерганов Қаҳҳор корҳои сохтмонии азнавсозии роҳи мазкур ба масоҳати 6 километр аз пули деҳаи Қурғонча то маркази деҳаи Қурғончаи Ҷамоати деҳоти Ҳаёти нав оғоз гардид.
Соҳибкор Мерганов Қаҳҳор дар оянда тасмим гирифтааст, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов баъди пурра ба итмом расидани корҳои сохтмонии азнавсозии роҳи асосии деҳаи Қурғонча зиёда аз 6 километр пурра мумфарш менамояд.
Мақсади асосӣ аз чунин иқдом сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бузурги миллӣ – 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар ин раванд сокинон тадбирҳои ободониро бо муттаҳидию сарҷамъӣ бо сатҳу сифати баланд амалӣ карда истодаанд.
Иқдоми мазкур дар дигар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия низ ба нақша гирифта шудааст.