Бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат баён доштанд, дар ноҳияи Ҷаббор Расулов барои бунёди кӯдакистонҳо тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад.
Бо чунин ҳошия санаи 11 июли соли 2025 бо мақсади таъмини иҷрои нақша-чорабиниҳои марбут ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳтарам Юлдошзода Олимбек ба сохтмони кӯдакистони замонавии хусусӣ воқеъ дар деҳаи Қурғончаи Ҷамоати деҳоти Ҳаёти нав санги асос гузоштанд.
Иттилоъ дода шуд, ки дарозии кӯдакистони мазкур 24 метр, паҳноияш 16 метр буда, масоҳати умумии он ба 384 метри мураббаъ баробар буда, ба дуошёна пешбинӣ гардидааст ва то ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода хоҳад шуд.
Ба нақша гирифта шудааст, ки баъди ба истифода додани кӯдакистони хусусӣ, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Каримов Абдуқаюм бунёд мегардад, барои зиёда аз 140 нафар тарбиятгирандагон бо таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки ҳоло дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 19 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 4 муассисаи томактабии хусусӣ бо фарогирии 4 ҳазору 857 нафар тарбиятгиранда ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта шудаанд.
Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳтарам Юлдошзода Олимбек дар суҳбат бо сокинони деҳаи зикршудаи ноҳия иброз доштанд, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат барои дар ҳар як деҳаҳои дурдаст бунёд кардани як муассисаи томактабӣ вазифагузорӣ карда шудааст ва барои иҷрои ин супориш аз тамоми имкониятҳо истифода бурда хоҳад шуд.
Бунёди кӯдакистони хусусӣ воқеъ дар деҳаи Қурғончаи Ҷамоати деҳоти Ҳаёти нави ноҳияи Ҷаббор Расулов бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкори ватандӯст Каримов Абдуқаюм амалӣ карда мешавад.
Роҳбари ноҳия таъкид намуданд, ки ин ҳама тадбир дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суръат гирифта истодааст ва барои беҳтар намудани шароити таълиму тарбияи кӯдакон тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида, таъсиси мактабу кӯдакистонҳои замонавӣ, таъмиру таҷдиди муассисаҳои соҳаи маориф, ҳифзи тандурустии кӯдакон дар дармонгоҳҳо ва оила, ташкили истироҳату фароғати бачагон ва баланд бардоштани мақому манзалати мактабу кӯдакистонҳо корҳои зиёд амалӣ шуда истодаанд.






