Мактаб макони илму маърифат аст

image_pdfimage_print

Санаи 31 марти соли 2021 маросими гузоштани санги асос барои сохтмони 4 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов баргузор гардид.Дар маросими гузоштани санги асос барои сохтмони 4 синфхонаи иловагӣ раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Қудратзода Тоҳир Толибӣ иштирок намуд. Сохтмони бинои мазкур имрӯз тавассути ҳашарҳои дастаҷамъонаи сокинони маҳал муташаккилона оғоз гардид.Ҳамчунин таҳти роҳбарии сарвари муассиса Атабоев Ихтиёр Бахтиёрович ва омӯзгорони фаъоли муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 ҷиҳати татбиқи пайкори маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳтар намудани шароити таълиму тарбияи насли наврас бунёди бинои нави таълимиро ба нақша гирифтаанд.

Сокинони маҳал ният доранд, ки бинои нави таълимиро дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардории насли наврас қарор диҳанд.