Санаи 2 апрели соли 2021 дар назди қасри фарҳанги «Гулистон»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба гусели даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷамъомади мазкур раиси ноҳия Қудратзода Тоҳир Толибӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, собиқадорони ҷангу меҳнат, ҷанговарони байналмилал, иштирокчиёни сохти конститутсионӣ, афсарон ва сарбозони қисмҳои ҳарбӣ, волидайни даъватшудагон ва наврасону ҷавонони ноҳия иштирок намуданд.

Дар маросими гусели аввалин гурӯҳи ихтиёрии ҷавонон ба хизмати Модар-Ватан раиси ноҳия Қудратзода Тоҳир Толибӣ суханронӣ намуда, иброз дошт: «Ман дар чунин вазъияти тантанавӣ бо истифода аз фурсати муносиб қайд карданиям, ки кишвари азизамон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат то рафт ободу зебо гардида, рушду тараққӣ меёбад. Боиси сарфарозию сарбаландист, ки чандин нафар ҷавонони сарбаланди ноҳия адои хизмат намуда бо хизмати содиқонаю софдилонаи худ, боиси ифтихору сарбаландии ҳар яки мо сокинони ноҳия гардида истодаанд». Баъдан, модари яке аз модарони даъватшавандагон аз Ҷамоати деҳоти Сомониён, баромад намуда, чунин гуфт: «Ман ҳамчун модар фарзанди худро ба сафи Қувваҳои Мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон равон карда, мехоҳам, ки сулҳу суботи давлатамонро таъмин кунанд. Бигузор ҳар як ҷавон қарзи фарзандии худро иҷро кунад. Ба ин ҷавонони шуҷои Ватан роҳи сафед орзумандам».Ҳамчунин аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов ба як қатор волидайни даъватшавандагон, ки ихтиёран фарзандони худро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар намуда истодаанд, бо сипоснома сарфароз гардонида шуд.Боиси хурсандист, ки бо дастгирии бевоситаи раиси ноҳия 20 нафар даъватшавандагон дар ташкилоти «Мададгори мудофиа» курси ронандагиро бо мувафаққият хатм намуда, аз тарафи раиси ноҳия бо шаҳодатномаҳои ронандагӣ супорида шуд.Дар охир барои болитахотирии иштирокчиён аз ҷониби санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия барномаи фарҳангӣ пешкаш гардид.







