Санаи 7 апрели соли 2021 бо иштироки Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Каримзода Осим Қосим, раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Қудратзода Тоҳир Толибӣ, роҳбарони муассисаҳои таълимии ноҳия ва масъулини соҳаи маориф ҷаласаи корӣ доир гардид.Дар ҷаласа нахуст Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомзода Муҳаммадюсуф баромад карда, роҷеъ ба масъалаҳои соҳаи маорифи ноҳияи Ҷаббор Расулов, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи сифати таълиму тарбия, мақоми омӯзгор, таъминот бо кабинетҳои фаннӣ ва китобҳои дарсӣ ибрози андеша карда, дар ин ҷода назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт.Сипас, бинобар ворид шудани тағйирот ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷаббор Расулов бо пешниҳоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодиев Абдуҷалил Абубакирович ба мансаби мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷаббор Расулов таъин гардид.







