Машварати августии кормандони шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷаббор Расулов

image_pdfimage_print

Санаи 24 августи соли 2022 дар қасри фарҳанги “Гулистон”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов машварати августии омӯзгорони ноҳия баргузор гардид. Дар машварати мазкур муовини раиси ноҳия Муталибзода Зумрад Муталиб, муовини сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Раҳматов Сайфулло Акбарович, роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони кумитаҳои маҳалла, раисони кумитаҳои падару модарони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд.
Дар кори машварат мудири шуъбаи маорифи ноҳия Шодиев Абдуҷалил, муовини раиси ноҳия Зумрад Муталибзода, муовини сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Раҳматов Сайфулло Акбарович суханронӣ намуда, оид ба таҳлили яксолаи меҳнати омӯзгорон ва шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷаббор Расулов маълумоти муфассал доданд. Инчунин ба омӯзгорон якчанд дастуру супоришҳои муфид пешниҳод намуданд. Дар охир омӯзгороне, ки дар соҳаи маориф меҳнати софдилона намуданд бо сипосномаи Раиси ноҳия, бо сипосномаи Сардори Раёсати вилояти Суғд, бо ифтихорномаи шуъбаи маорифи ноҳия қадрдонӣ гардиданд.
Ҳамчунин якчанд омӯзгорони ноҳия барои хизматҳои софдилона дар соҳаи маориф бо муносибати ба нафақа баромаданашон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуд.