Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супоришҳои Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати 30- солагии Иҷлосияи тақдирсози 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳияи Ҷаббор Расулов корҳои ободонӣ бо маром идома дорад.
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо истифода аз тамоми имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати ҳалли масъалаҳои бунёду азнавсозии роҳҳои автомобилгарди ноҳия ва бо оби нӯшоки таъмин намудани сокинон, тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааст. Тибқи нақшаи таъмиру тармим ва асфалтпӯш намудани роҳҳои автомобилгарди ноҳия соли ҷорӣ 97 км ба нақша гирифта шуда, аз он 70,6 км роҳҳо таъмиру тармим карда шудааст, ки ин 72,8 фоизи нақшаро дар бар мегирад. Дар раванди корҳои ободони ва созандагӣ дар кӯчаи ба номи А.Нурматов деҳаи Ғӯлакандози Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз, бо дастгирии бевоситаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов ва соҳибкорону сокинони хайрхоҳи маҳалла ба муносибати 30- солагии Иҷлосияи тақдирсози 16 – уми Шӯрои Олӣ, зиёда аз 1,5 км роҳи маҳалла мумфарш карда шуд. Корҳои мумфаршкунии роҳи маҳалла бо ҷалби коргарон ва мутахассисони Муассисаи давлатии назорати роҳҳои автомобилгарди ноҳия бо риояи тамоми меъёрҳо ва қоидаҳои роҳсозӣ роҳандозӣ карда шуд. Дар оғози корҳои сохтмонӣ муовини якуми раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек иштирок намуда, ба тамоми сокинон, соҳибкорон ва фаъолони маҳалла баҳри вусъат додани корҳои ободонӣ ва созандагӣ миннатдории Раиси ноҳия муҳтарам Қудратзода Тоҳир Толибӣро расонид.Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки ҳар як фарди худшиносу худогоҳу ватандӯст бояд ба қадри тинҷию оромӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ, шукронаи Истиқлолияти ватани азизу маҳбубамон расида, дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо ҳам, дар ҷодаи вусъат бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ, сазовор пешвоз гирифтани 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониро ба роҳ монда, ҷиҳати ободу зебо гардонидани ҳар як гӯшаю канори ватани азизу маҳбубамон аз ҷумла дар ҳудуди Ҷамоатҳо, маҳаллаҳо, роҳҳо, назди хонаҳои истиқоматӣ ва ташкилоту муассисаҳо саъю кӯшиш намоем. Инчунин ба саҳми сокинони маҳалла расонида шуд, ки дар рӯзҳои наздик бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар якҷоягӣ бо соҳибкорон ва саховатмандони Ҷамоат ҷиҳати кофта ба истифода додани як адад чоҳи амудӣ роҳандози карда шуда, ҳангоми ба истифода додани он, зиёда аз 100- оила бо оби нӯшоки ва ошомидани таъмин карда мешаванд.Дар навбати худ сокинони маҳалла ҷиҳати дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳия миннатдории худро ба Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода баён намуда, қайд карданд, ки дар оянда низ баҳри ободу зебо гардонидани ҳар як гӯшаю канори маҳалла дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва Ҷамоат саҳми худро мегузоранд.





