ОМӮЗГОР – РОҲНАМОИ АҲЛИ БАШАР БА СӮЙИ ДОНИШ ВА ИЛМУ ФАРҲАНГ! – Паёми табрикии Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек ба муносибати Рӯзи омӯзгорон

image_pdfimage_print

Устодони азиз, собиқадорони соҳа ва омӯзгорони арҷманд!

Бо истифода аз фурсати хеле муносиб Шумо устодони гиромиро бо Рӯзи омӯзгорон, ки ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр таҷлил карда мешавад, самимона табрику таҳният намуда, ба Шумо дар таълиму тарбияи насли наврас комёбиҳои беназирро таманно менамоям.

Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳри роҳбарӣ ва сиёсати хирадмандонаву маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди таълиму тарбия, илму маърифат ва маънавиёти ҷомеа таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намуда, баҳри пешрафти илму маориф ва омодасозии мутахассисони дорои донишу малака ва таҷрибаи касбӣ ҳамаҷониба мусоидат менамоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки “Ҳукумат барои таъмин намудани пешрафти соҳаҳои илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ аз тамоми имкониятҳо истифода карда, ба рушди илмҳои техникиву табиатшиносӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад ва доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҷорӣ намудан ва васеъ гардонидани доираи истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла шабакаи интернет дар низоми таҳсилот, таъмини самаранокии фаъолияти омӯзгорон ва такмили малакаи педагогии онҳо тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад”.

Бо дастгириву ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат мақому манзалати омӯзгор сол аз сол боло меравад ва аз ин омӯзгорон илҳом гирифта, баҳри таълиму тарбияи насли наврас ва мутахассисони баркамол меҳнати шабонарӯзӣ менамоянд. Бо ҳамин рафтору кирдори хеш, омӯзгорон дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф нақши калидӣ мебозанд.

Ин нуқта дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат хеле мушаххас баён гардидааст: “… калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ омӯзгор ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, самаранок ба роҳ мондани корҳои таълиму тарбия аз ҷониби омӯзгор имкон фароҳам меоварад, ки сатҳи мафкура ва донишу ҷаҳонбинии толибилмон боло равад ва онҳо ҳамқадами замон гарданд”.

Аз ин нуқтаи назар, вуҷуди муаллим, омӯзгор, ки машъали илму донишро дар пайкари зиндагӣ фурӯзон менамояд, болотар аз пиндор ва дурахшонтар аз таҷаллии хуршед аст. Шахсияти омӯзгор намунаи баланди инсоният ва таҷассуми фазилатҳои писандида эътироф шуда, хоксориаш нишони арҷмандӣ, сарбаландӣ ва қавииродагии ӯст.

Воқеан, касби омӯзгорӣ пешаи муқаддастарин буда, ранҷу азоб ва заҳмату шабзиндадориҳое, ки омӯзгор барои тарбияи насли наврас ва мутахассисони муосир таҳаммул мекунад, сарчашмаи файзбори ҳаёт мебошад. Маҳз омӯзгор, қалби шогирдони азизро ҳар лаҳза шодоб сохта, зиндагӣ кардан, Ватанро дӯст доштан, эҷодкор ва эҳёгар будан, инчунин шинохти оламу одамгариро муомӯзонад.

Дар воқеъ, меҳнату заҳмат ва талошу кӯшиши омӯзгорон аст, ки мо ҳамагон дар ҷанбаҳои мухталифи фаъолият ва ҳаёти хеш муваффақ ҳастем. Бо меҳнати софдилона ва содиқонаи омӯзгорон ҳамагон аз беҳтарин неъмат – донишу илм бархӯрдор мегарданд.

Маҳз, бо фидокории омӯзгорон имрӯз аҳли башар соҳибдонишу соҳибфарҳанг аст ва дар ҳар кору пайкоре аз донишу хиради солим истифода мебаранд.Қайд кардан ба маврид аст, ки аҳли маорифи ноҳияи Ҷаббор Расулов низ барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия кардани насли наврас, саҳм гузоштан ба пешбурди ҷомеъаи мутамаддин ҷидду ҷаҳд мекунанд.

Роҷеъ ба нақши омӯзгорон, мақом манзалат ва рисолати онҳо ҳамеша ва дар ҳама давру замон бузургони донишу хирад ибрози назар намудаанд.

Хирадманд Ҷомӣ фармудааст:

Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор, Шавад тира аз бехирад рӯзгор.

Бо беҳтарин ниятҳои нек, Шумо ҳидоятгарони роҳи ростӣ, ташвиқкунандагони роҳи илму дониш, машъалафрӯзони илму донишро самимона табрику таҳният намуда, бароятон саломатӣ, осудагии рӯзгор, зиндагии шоиста, иқболи баланд ва бурдбориҳоро дар фаъолияти касбӣ орзу менамоям.

Бо эҳтироми самимӣ Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек