ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ

image_pdfimage_print

Омӯзгорон, кормандони соҳаи маориф, хонандагони гиромӣ!

Бо камоли эҳтиром ва самимияти беандоза фарорасии Рӯзи дониш, дарси Сулҳ ва ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон-ро ба ҳамаи шумо самимона табрик мегӯям.Рӯзи дониш ҳамчун оғози соли нави таҳсил барои аҳли маориф ва насли наврасу ҷавон аҳамияти хоса дорад. Илму дониш ва маърифат заминаи асосии пешрафти ҷомеа, рушди давлат ва ободии Ватан мебошанд. Аз ин рӯ, тарбияи насли соҳибмаърифат, ватандӯст, масъулиятшинос ва дорои ҷаҳонбинии васеъ яке аз вазифаҳои муҳимтарини ҷомеаи имрӯза ба ҳисоб меравад.

Истиқлоли давлатӣ дастоварди бузургтарин ва неъмати бебаҳои миллати тоҷик мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ кишвари мо бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи созандагиву ободониро пеш гирифта, ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Имрӯз вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аз он иборат аст, ки ин неъмати муқаддасро ҳифз намуда, барои таҳкими сулҳу ваҳдат, рушди кишвар ва ободии диёри азизамон саҳми арзанда гузорад.

Боиси ифтихор аст, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулов низ соҳаи маориф пайваста рушд ёфта, омӯзгорону хонандагон бо меҳнати содиқона ва дастовардҳои худ дар пешрафти ҷомеа саҳм мегузоранд. Итминон дорам, ки омӯзгорони муҳтарам бо ҳисси баланди масъулият насли наврасро дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия менамоянд.

Боиси ифтихор аст, ки ҷиҳати сазовор истиқбол намудани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббус ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов, инчунин тариқи ҳашар ва бо ҷалби соҳибкорону сокинон, зиёда аз 130 километр роҳҳои аҳамияти маҳаллӣ пурра мумфарш карда шуданд.

Ҳамчунин, дар нимсолаи якуми соли 2026 дар назди муассисаи таълимии №31 чор синфхонаи замонавӣ ва дар муассисаи таълимии №32 низ чор синфхонаи замонавӣ сохта, бо таҷҳизоти зарурии таълимӣ таъмин ва ба истифода дода шуданд. Дар ин давра бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва тариқи ҳашар се майдончаи варзишӣ ва ду толори варзишӣ сохта, мавриди истифода қарор гирифтанд.

Хусусан, соҳибкорон ва сокинони ватандӯсти деҳаи Заркор бо ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ ва муҳаббат ба диёр тавонистанд кӯчаҳои деҳаро пурра мумфарш намоянд.Ҳамзамон, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и деҳаи Заркор зери сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳия ва тариқи ҳашар як бинои иловагии таълимӣ иборат аз 12 синфхонаи замонавӣ сохта шуда, бо тамоми таҷҳизоти зарурии таълимӣ таъмин гардидааст. Айни замон корҳои ниҳоӣ ба анҷом расида, бино дар арафаи ба истифода додан қарор дорад.

Боварӣ дорем, ки бо чунин руҳияи баланди ватандӯстӣ, ҳамдилию ҳамкорӣ ва саҳмгузорӣ дар ободии Ватан корҳои созандагӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов боз ҳам вусъат хоҳанд ёфт.Бигзор чунин иқдомҳои созанда ва корҳои ободонӣ боз ҳам вусъат ёфта, ба пешрафту шукуфоии диёрамон мусоидат намоянд!Дар ин рӯзи фархунда ба тамоми омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф, хонандагон ва падару модарон саломатии бардавом, хотири ҷамъ, барори кор, нерӯи созанда ва дастовардҳои нав ба нав орзу менамоям.

Бигзор Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷовидона пойдор бошад, сулҳу ваҳдати миллӣ таҳким ёбад ва Тоҷикистони азизи мо рӯз аз рӯз ободу пешрафта гардад!

Рӯзи дониш, дарси Сулҳ ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!

Бо эҳтироми самимӣ Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек