Санаи 31 августи соли 2026 дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳияи Ҷаббор Расулов Рӯзи дониш бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд. Ба ин муносибат дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20-и ноҳия бахшида ба ин рӯзи саиду фархунда ҷамъомади тантавӣ доир гардид, ки дар он Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Накҳатзода Ҳокимбек Киромиддин – сардори сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд иштирок намуданд.
Нахуст, Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек устодон ва хонандагонро ба муносибати Рӯзи дониш табрик намуданд. Таъкид карданд, ки аз файзи сулҳу ваҳдати миллӣ таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба масъалаҳои марбут ба илму маориф дучанд гардида, ҷиҳати дастгирии кормандони соҳа силсилаи тадбирҳои судманд амалӣ гардида истодааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки “Дастгирии соҳаи маориф аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки аҳли маориф дар рушди нерӯи инсонӣ саҳми бевосита дошта, яке аз қувваҳои пешбаранда ва фаъоли ҷомеаи имрӯза ба шумор меравад ва гузашта аз ин пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба сатҳи рушди маориф вобастагии мустақим дорад”.
Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Накҳатзода Ҳокимбек Киромиддин паёми табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзодаро ба самъи иштирокчиён расонид. Қайд кардан ба маврид аст, ки Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия гузаронида шуда, дар он моҳияти сулҳу ваҳдат, арҷгузорӣ ба дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар тамоми муассисаҳои таълимии Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия барои тамошои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ шароити мусоид фароҳам оварда шуда, тамошои дастаҷамъона аз ҷониби омӯзгорон ва хонандагон дар синфхонаҳо ва толори маҷлисгоҳ ба роҳ монда шудааст.



