Таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик

image_pdfimage_print

Мусаллам аст, ки имрӯзҳо яке аз неруҳои пуриқтидори пешбарандаи ҷомеа матбуот ба ҳисоб рафта, нақши матбуотчиён дар мукаммалсозии фазои иттилоотӣ ва демократикунонии ҷомеа бағоят муҳим аст. Боиси хушнудист, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушду инкишофи ин соҳаи муҳими афзалиятнок ба марҳилаҳои сифатан нав расид. Ҳар сол таҷлил гардидани Рӯзи матбуоти тоҷик нишонаи таваҷҷуҳ ва эътибор ба матбуотчиёни кишвар аст.

Санаи 11 марти соли 2020 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти даввлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷамомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ва 85-солагии таъсисёбии  рӯзномаи ноҳиявии «Иқбол» баргузор гардид. Дар он чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия муҳтарам Тоҳир Қудратзода, рӯзноманигорон ва кормандони рӯзномаи ноҳиявии «Иқбол», «Омӯзгор ва хонанда», ва кормандони телевизиони маҳаллии «Ғӯлакандоз» иштирок намуданд. Ҷамомади мазкурро муовини якуми раиси ноҳия Қосимӣ Файзулло ифтитоҳ намуд. Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия муҳтарам Қудратзода Тоҳир Толибӣ ба сухан баромада, иштирокчиёни ҷамъомадро ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ва 85-солагии таъсисиёбии рӯзномаи «Иқбол» табрик намуд. Инчунин барои собиқадорони соҳаи матбуот ва рӯзноманигорон бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ карда шуданд.