Санаи 12-уми марти соли 2020-ум соати 09:00 тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум баргузор гардид.

Ҳамчунин дар кори иҷлосия муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, сардорони Раёсату кумитаҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои воҳидҳои сохторӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дигар шахсони ба масъалаҳои иҷлосия дахлдор иштирок доштанд.
Дар кори иҷлосия намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Рустамзода Сӯҳроб – мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими вилоят иштирок намуд.
Иҷлосия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори худро оғоз намуда, дар он масъалаҳое, ки ба иҷлосия таълуқ дошт мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Доири ҳамаи масъалаҳое, ки дар рӯзномаи иҷлосия ҷой доштанд, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.


Сипас, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Рустамзода Сӯҳроб – мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими вилоят ба сухан баромада, нисбати кори иҷлосия ва масъалаҳои дар рӯзномаи иҷлосия баррасигашта фикру мулоҳизаҳои худро баён намуд.

Раиси Маҷлис баъд аз суханронии намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашумро пӯшида гуфта эълон намуд.
Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод ва ба кори иҷлосия хотима бахшид. Иҷлосия дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор гардид

