Наврӯз эҳёгари табиат аст

image_pdfimage_print


Имрӯзҳо дар саросари кишвари хуршедии мо бо фарорасидани фасли гулу эҳёи табиат соли нави аҷдодии миллати кӯҳанбунёди тоҷик Наврӯзи аҷам баргузор гардида истодааст.


Тамаддуни халқи мо бо Наврӯз оғоз мегардад, яъне Наврӯз оғозгоҳи мардуми фарҳангии мо маҳсуб ёфта, аз давраҳои бостон то имрӯз бо беҳтарин арзишҳои худ ба зиндагии мо рангу таровати хоса мебахшад. Чунон, ки аз сарчашмаҳои зиёди таърихӣ адабӣ ва фарҳангӣ бар меояд пайдоиши Наврӯз ба замони шоҳ Ҷамшед марбут буда панҷуним ҳазор сол инҷониб ҳамчун рӯзи хуҷаста, пешонии сол ва ҷашни шодиву нишот таҷлил мегардад. 


Санаи 20 марти соли 2020 дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз иди байналмиллалии Наврӯз баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия муҳтарам Қудратзода Тоҳир Толибӣ, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори хадамоти иҷроияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳаётзода Фирдавс, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд – мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими вилояти Суғд муҳтарам Рустамзода Сӯҳроб, иштирок намуда ҳозиринро бо муносибати иди байналмиллалии Наврӯз табрик намуданд.

Инчунин дар чорабини зиёда на 5000 нафар сокинони ноҳия иштирок намуданд. Барои болидахотирии иштирокчиён барномаи консертии бахши фарҳанги ноҳия пешкаш гардид.