Табрикоти раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов ба муносибати иди байналмилалии Наврӯз

image_pdfimage_print

Ҳамдиёрони азиз!

Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш ҷашни байналмилалии Наврӯзро, ба кулли мардуми ноҳия муборакбод намуда, ба ҳар яки шумо саломатӣ, сарбаландӣ ва хонаободиро орзу менамоям.

Наврӯз, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва саъю талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тамоми ҳановаташ эҳё гардида, чун рамзи худшиносиву ифтихори миллӣ, ваҳдату ҳамдилии мардум ба ҷашни милливу давлатии мо табдил ёфт.

Наврӯз яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардумӣ буда, таърихи беш аз шашҳазорсола дорад.

Далели асосии умри тӯлонӣ доштани Наврӯз табиӣ будани он аст, зеро маҳз дар арафаи Наврӯз табиат эҳё шуда, замин қабои сабз ба бар менамояд, марди деҳқон ба кишти баҳорӣ оғоз намуда, бо умеду нияти ба даст овардани ҳосили фаровон ба замин дона мепошад.

Дигар ин, ки Наврӯз айёми тавозуни байни табиат ва инсон буда, баробарии дигаргунии куллӣ дар табиат рӯҳи инсонро низ тағйир медиҳад ва ӯро ба рӯзи неку рӯзгори обод умедвор месозад.

Наврӯз бо ҳама ҳусни табииву заминиаш намунаи фарҳангу тамаддуни олц ба ҳисоб рафта, аз давраҳои дерин барои муҳаббату самимият ва сулҳу ваҳдати байни инсонҳо заминаи беҳтарини маънавӣ фароҳам овардааст.

         Дар фалсафаи Наврӯз амали созандаву офаранда чун унсури аввалини фаъолияти инсон шинохта мешавад, ки ҳунари кишоварзӣ баёнгари возеҳтарини он мебошад. Ҳамчунин зикр бояд кард, ки бахшиши гуноҳҳо, навозиши ятимону маъюбон, аёдати калонсолону беморон, хайру саховат ба дармондагону ниёзмандон ва саҳм гузоштан дар корҳои созандагиву ободонй – донаи умед коштан, ниҳолҳои босамар шинондан, тозаву озода кардани хонаву кошона ва кӯчаву растаҳо суннатҳои асосии Наврӯз ба шумор мераванд. Ҳамин аст, ки дар арафаи таҷлили ин ҷашни бузург бо дастгириҳои ҳамешагии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба сазовор истиқбол намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию бунёдкорӣ ба монанди азнавсозию васеъ намудану чароғонкунӣ ва ҳамвору мумфаршсозии роҳу кӯчаҳо, сохтмонҳои хонаҳои бисёрошёна, ҳаммому сартарошхона, кошонаи ҳусн, чойхонаву нуқтаҳои хизматрасонӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, майдончаҳои замонавии варзишӣ, толори варзишӣ, сохтмони бинои маъмурии шуъбаи маорифи ноҳия, таҷдиди боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳия ва муассисаҳои таълимӣ бо маром идома доранд.

         Ба ифтихори ин ҷашни бостонӣ то имрӯз дар ноҳия корҳои зиёди ободонӣ ба анҷом расонида шуданд. Воқеан, яке аз рамзҳои наврӯзӣ шинондани ниҳолу коштани донаи умед мебошад. Вобаста ба ин дар ҳамаи Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия то имрӯз зиёда аз 10 хазор бех ниҳолҳои ҳамешасабзу сояафкан шинонда шуд, ки кулли мардуми ноҳия дар ин кори хайру савоб фаъолона ширкат варзиданд.

         Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахши наврӯзӣ маъюбону ятимон ва эҳтиёҷмандон ба меҳру муҳаббат ниёз доранд. Аёдати онҳо барояшон умеди зиндагӣ мебахшад. Ин амалҳои хайру савоб, бахусус дастгирии ятимону барҷомондагон ва маъюбону пиронсолон, шодгардонии онҳо суннати деринаи ниёгонамон мебошад. Аз ин лиҳоз, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ин расму оини деринаи ниёгонро пос дошта, зиёда аз 58 нафар ятимону 55 нафар маъюбон ва оилаҳои камбизоатро бо маводҳои хӯрокворӣ аёдат намуд, ки ин корҳои неку наҷиб мунтазам идома дошта, аз мадди назари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дур нахоҳад монд.

         Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати одилонаю оқилонаи Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба ин иди мубораки миллиамон шукӯҳу шахомати хоса ва ҳусну таровати нав бахшидааст, дар идгоҳҳо мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, аз қабили гӯштингирӣ ва қувваозмоии паҳлавонон, сабқати кӯдакону наврасон, инчунин таронахониву рақсу бозиҳои мухталиф баргузор мегарданд.

         Ҳамзамон бояд гуфт, ки истиқболи гарми Наврӯзи байналмилал ҳамчун ҷашни бузургу муқаддаси умумимиллӣ, ки рамзи ҳувият ва ифтихори миллии мардуми шарифи диёрамон мебошад, меҳри Модар ва Ватани азизро дар дили ҳар як фарди ватандор бедор месозад.

         Имрӯз мову шумо ҷашни Наврӯзи байналмилалиро бо шукру сипос ва ифтихору сарфарозӣ аз сулҳу субот, фазои орому осудаи кишвар дар партави пуштибониҳои падаронаи Пешвои муаззами миллатамон дар руҳияи болида истиқбол намуда, рисолати шаҳрвандии худро бо сарбаландӣ адо менамоем.

Бо ин ниятҳои нек, ба Шумо ҳамдиёрони азиз, саломатии бардавом, файзу баракат дар хонадонатон,  саодату хонаободӣ ва шодмониҳои бепоёнро орзу менамоям.

Наврӯзи фархундапай муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!